Дар бораи мо

Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ “Тоҷикдипсервис” – и Вазорати корҳои хориҷӣ

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияту иқомати намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои хориҷии ба онҳо ҳамрадиф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини маҷмӯи хизматрасонихо дар асоси стандартҳои байналмилалӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №456 аз 31 августи соли 2007  Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ «Тоҷикдипсервис» дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

    Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикдипсервис» эҳтироми хешро ба намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии ба онҳо ҳамрадиф, намояндагиҳои ташкилотҳои тиҷоративу ҷамъиятӣ иброз намуда, шарафёб аст ба маълумоти эшон бирасонад, ки Корхона бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияту иқомати кормандони намояндагиҳо хизматрасонии ҷадидро дар марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои тиҷоратии пойтахт ҷорӣ менамояд. Ҳангоми муроҷиат ба марказҳои хизматрасонӣ, тиббӣ ва ё харид намудан дар нуқтаҳои фурӯши пойтахт бо пешниҳоди кортҳои бақайдгирии Корхона, низоми тахфифҳо пешбинӣ шудаанд.