Дар Душанбе «Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ» баргузор гардид

  • Дар Душанбе «Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ» баргузор гардид

Дар Душанбе «Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ» баргузор гардид

Бахшида ба “Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2018 дар «Боғи Ирам»- и пойтахт «Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии хешро ба намоиш гузоштанд.

Ҳамзамон ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии кишварро ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муаррифӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ шиносоӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддун ва анъанаву таомҳои миллии тоҷикон ва мардумони кишварҳои хориҷӣ, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муносибатҳои дустона байни кишварҳо мебошад.

Дар чорабинии мазкур ҳамчунин як қатор сафирон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.

Бояд зикр намуд, ки чорабинии мазкур дар фазои дустона ва бошукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Меҳмонон ва сокинони пойтахт бо як илҳоми тоза аз фестивал дидан намуда, таассуроти баланд бардоштанд.

Расмҳои чорабинӣ