Маросими ҷоизасупории мусобиқаҳои варзишӣ байни намояндагиҳои корпуси дипломатӣ

  • Маросими ҷоизасупории мусобиқаҳои варзишӣ байни намояндагиҳои корпуси дипломатӣ

Маросими ҷоизасупории мусобиқаҳои варзишӣ байни намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим имрӯз бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии Вазорат маросими ҷоизасупории мусобиқаҳои варзишӣ байни намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Сабқатҳои варзишӣ аз 17 март оғоз ёфта, аз рӯи намуди бозиҳои футбол, шоҳмот, волейбол, теннис ва тенниси рӯи миз баргузор гардиданд.

Дар чорабинии мазкур сафирон, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарияту кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ иштирок доштанд.

Дар охири чорабинӣ ғолибони сабқатҳои варзишӣ бо Ҷом ва медалҳо сарфароз гардиданд.

Расмҳои чорабинӣ