Дар Душанбе Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ

  • Дар Душанбе Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ

Дар Душанбе «Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ»

баргузор гардид

 Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати фарҳанги кишвар 15 сентябри соли 2018 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев «Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ» баргузор гардид.

Дар Фестивали байналмилалӣ дастаҳои ҳунарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи санъаткорону ҳунармандони як ќатор кишварҳои хориҷӣ рақсу суруди миллии хешро пешкаши иштирокчиён намуданд.

Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, кормандони вазорату идораҳо, инчунин сокинони пойтахт ва меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар ширкат варзиданд.

Њадаф аз баргузории Фестивал – ошно намудани меҳмонони дохилию хориҷӣ бо фарњангу маданияти миллии кишварњо ва вусъати муносибатҳои дўстона миёни кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, инчунин ривоҷу равнақ бахшидан ба ҳамкориҳои судманд миёни давлатҳои дусту бародар мебошад.

Бояд зикр намуд, ки чорабинии фарҳангӣ дар фазои дустона бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ аз барномаи консертӣ илҳоми тоза ва таассуроти хотирмон бардоштанд.

41928403_1028977043929070_7713470872287182848_o.jpg

2G3A9734.JPG

41913189_583428715393015_8638647316502282240_o.jpg

42111738_583429502059603_5719332876902727680_o.jpg

2G3A9737.JPG

2G3A9816.JPG

2G3A9622.JPG