Муҳтарам намояндангони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ

  • Муҳтарам намояндангони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ

Муҳтарам намояндангони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ

Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ “Тоҷикдипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром шуморо бо фарорасии ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафруз самимона табрику муборакбод менамояд.

Бигузор, ин иди зебову фараҳбахши баҳорӣ, ки рамзи эҳёву офариниш ва иқдомоти накӯи созандагӣ аст, бо қудуми муборакаш ба хонадони ҳар яки шумо саодату хушрӯзии пойдор ва файзу баракати рӯзафзунро армуғон оварад.