Хизматрасониҳои мо

Сайёҳӣ ва авиакасса

Дар доираи консепсияи рушди сайёҳии дохилӣ ва берунӣ, бо мақсади пешниҳоди имкониятҳои саёҳии кишвар бо ҷалби сармоягузорон, Корхона хизматрасониҳоро вобаста ба фурӯш ва ҷудо намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ барои аъзоёни корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ пешниҳод менамояд. Агентии саёҳии мо чиптаҳои ҳавопаймоиро ба ҳамаи самтҳои парвоз пешниҳод менамояд. 

Ба барномаи сафарҳои саёҳӣ тамошои манзараҳои таърихии кишвар,  куҳнавардӣ дар куҳҳои Помир, истироҳат ва муолиҷа дар фароғатгоҳҳои шифоии маъмулии кишвар ва дигар манзараҳои шавқовари Тоҷикистон  дохил буда, пешвоз, гусел ва роҳбаладии меҳмонон дар сатҳи баланд ташкил карда мешавад.

1.png              2.png            3.png            4.png          5.png           6.png          7.png         8.png             9.png            10.png


Хизматрасониҳои пешниҳодмекардаи мо:
  • Чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба дилхоҳ нуқтаи ҷаҳон;       

  • Чиптаҳои ҳавопаймоӣ барои лоукостерҳо ва хатсайрҳои чартерӣ;

  • Бронкунии меҳмонхонаҳо дар тамоми ҷаҳон ва Тоҷикистон;

  • Трансфер ба Фурудгоҳ/Меҳмонхона/Фурудгоҳ. VIP роҳбаладӣ;

  • Таъмини раводид ва мусоидат барои гирифтани он;

  • Суғуртаи тиббӣ, суғуртаи бағоҷ, суғуртаи хатсайр аз таваққуф ва бозмонӣ аз парвоз;  

  • Пешниҳоди хизматрасониҳои нақлиётӣ бо ронанда ва шахсони ҳамороҳӣ мекарда; 

  • Ташкили вохӯриҳои сатҳи байналмилалӣ, намоишномаҳо ва ярмаркаҳо;  

  • Ташкили сайрҳои гуруҳӣ;

  • Роҳбаланд - тарҷумонҳо, тарҷумонҳои касбӣ;  

  • Ташкили шоу- намоишҳои аниматсионӣ, саҳнаҳои теартӣ, озмунҳо, мусобиқаҳо ва амсоли инҳо.    



Сайрҳои мо:

ТРЕКИНГ

Кулҳои ҳайратангези Роҳи Абрешим
Рӯзи 1. Омадан ба ш. Душанбе (пойтахти Тоҷикистон),  вақтҳои холӣ, шабгузаронӣ дар меҳмонхона

Рӯзи 2. Дидан намудан аз ҷойҳои фарҳангии Душанбе (шаҳр аз сатҳи баҳр дар баландии 900, дар иҳоати куҳсор). Дар назар аст дидан намудан дар Осорхонаи миллӣ аз бозёфтҳои нодири бостоншиносии аз минтақаҳои Тоҷикистон, ҳайкали Баддои гилин дар нирвана, ки дар Осиёи Миёна аз ҳама калонтарин ба шумор меравад, толори бадеӣ, маѓозаи туҳфаҳо аз сангҳои ороишӣ, бозори шарқӣ, шабгузаронӣ дар меҳмонхона.    

Рӯзи 3. Дар автомобил аз Душанбе тариқи нақби «Истиқлол» (дар ҳолати маҳкам будани нақб – сафар тариқи аѓбаи Анзоб, 3 372м) – маҳаллаи Айнӣ дар шаҳри Панҷакент, дидан аз рафти кофтукобҳои бостоншиносии Панҷакенти Бостонӣ, осорхонаи бостоншиносӣ, хӯроки шом дар чойхона ва пасон бо автомобил ба ҷониби куҳҳо ба кулҳои Маргузор, шабгузаронӣ дар хонаи мардуми маҳаллӣ ё дар хаймаҳо.

Рӯзи 4. Тамоми рӯз сайру гашт дар гирду атрофии кӯли Маргузор, омодагӣ ба трекинг, мутобиқшавӣ ба иқлим, шабгузаронӣ дар хонаи мардуми маҳаллӣ ё дар хаймаҳо.

Рӯзи 5 - 16. ТРЕКИНГ: тариқи хатсайри кӯли Маргузор – ҳавзаи кӯли Искандаркӯл – гармчашмаҳои Хоҷа Њасан –водии Ќаратоѓ,  ҷои ба итмом расидани трекинг, тақрибан 70 км дур аз тарафи ѓарби пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. Ҷои ба итмом расидани трекинг, то Душанбе сафар бо автомобил, шабгузаронӣ дар меҳмона.

Рӯзи 17. Баромадан аз ш. Душанбе

ЭЗОҲ! Арзиши нархи ҳар як гуруҳ ба таври инфиродӣ ҳисобида мешавад.  

Душанбе – дараи Варзоб –Искандаркўл– Душанбе

Рӯзи 1. Сайру гашт дар Душанбе, дидан аз бозор, Осорхонаи миллӣ, толори бадеӣ, маѓозаи туҳфаҳо. Хӯроки нисфирӯзӣ ва шом дар тарабхона ё чойхонаи шаҳр.     

Рӯзи 2. Сафар бо автомашина тариқи хатсайри Душанбе – нақби «Истиқлол» (ҳангоми махкам будани он, тариқи аѓбаи Анзоб, 3 372м) – Искандаркӯл (тақрибан 160 км дур аз Душанбе). Ҳангоми расидан ба ҳавзаи Искандаркӯл, сайру гашти пиёда (1 – 1,5 соат) ба самти шаршараи зебо дар наздикиҳои кӯл ва хатми сайру гашт, бозгашт ба ҷои шабгузаронӣ – меҳмонхонаи деҳаи Саритоғ, ки дар якчанд километр дуртар аз кӯл воқеъ мебошад. Шабгузаронӣ дар хона.

Рӯзи 3. Сайру гашти пиёда ба қуллаи куҳ Дождемерная, ки дар наздикии Искандаркӯл воқеъ мебошад. Бегоҳӣ бозгашт ба деҳаи Саритоѓ барои шабгузаронӣ. Хоб дар меҳмонхонаи деҳа. 

Рӯзи 4. Сафар бо автомашина бо хатсайри деҳаи Саритоғ – Искандаркӯл – нақби «Истиқлол»  (ё гузариш аз аѓбаи Анзоб, 3 372м, дар ҳолати махкам будани нақб) – Душанбе.

ЭЗОҲ! Бо худ гирифтан тавсия мешавад: борхалта, оби нӯшокӣ, таом, пойафзол барои сайругашт, малҳами зиддиофтобӣ, сарпӯш ё чатр, либоси мутобиқ ба боду ҳаво, камераи сабти сурат ё видео. Арзиши маблаѓ барои ҳар як гуруҳ инфиродӣ ҳисобида мешавад.  

Душанбе - дараи Ромит - дараи Варзоб - Душанбе

Рӯзи 1. Сайру гашт дар Душанбе, дидан аз бозор, Осорхонаи миллӣ, толори бадеӣ, маѓозаи туҳфаҳо. Хӯроки нисфирӯзӣ ва шом дар тарабхона ё чойхонаи шаҳр.     

Рӯзи 2. Сафар бо автомашина тариқи хатсайри Душанбе – водии Ромит (тақрибан 50 км ба самти шарқи Душанбе). Омадан баробар, сайру гашти пиёда ба самти дарёи Ёс дар ҳавзаи Ќумқайкутал. Шабгузаронӣ дар хайма

Рӯзи 3. Сайру гашти пиёда ба самти аѓбаи Ќумқайкутал – болооби дарёи Оҷук. Шабгузаронӣ дар хайма.

Рӯзи 4. Сайру гашти пиёда ба болооби дарёи Оҷук – маҳаллаи Варзоб, баъдан рафтан ба Душанбе бо автомашина.

ЭЗОҲ: Бо худ гирифтан тавсия мешавад: борхалта, оби нӯшокӣ, таом, пойафзол барои сайругашт, малҳами зиддиофтобӣ, сарпӯш ё чатр, либоси мутобиқ ба боду ҳаво, камераи сабти сурат ё видео. Арзиши маблаѓ барои ҳар як гуруҳ инфиродӣ ҳисобида мешавад.  

Зевари Нилобии Помир

Рӯзи 1. Омадан ба шаҳри Душанбе (пойтахти Тоҷикистон), вақти холигӣ, шабгузаронӣ дар меҳмонхона

Рӯзи 2. Дидан намудан аз ҷойҳои фарҳангии Душанбе (шаҳр аз сатҳи баҳр дар баландии 900, дар иҳоати куҳсор). Дар назар аст дидан намудан дар Осорхонаи миллӣ аз бозёфтҳои нодири бостоншиносии аз минтақаҳои Тоҷикистон, ҳайкали Баддои гилин дар нирвана, ки дар Осиёи Миёна аз ҳама калонтарин ба шумор меравад, толори бадеӣ, маѓозаи туҳфаҳо аз сангҳои ороишӣ, бозори шарқӣ, шабгузаронӣ дар меҳмонхона.   

Рӯзи 3. Сафра бо автомашина тариқи хатсайри Душанбе – ноҳияи Файзобод –ноҳияи Дарбанд (собиқ Комсомолобод) – ноҳияи Тавилдара – аѓбаи Хобуробод (3 300 м) – ноҳияи Қалъаи Хум (ҳамагӣ тақрибан 300 км, муҳлати сафар 10-12 соат), дар ҳолати махкам будани аѓбаи Хобуробод, гузариш тариқи хатсайри Душанбе – шаҳри Кулоб – ноҳияи Шуробод – ноҳияи Қалъаи Хум (тақрибан 400 км), шабгузаронӣ дар хаймаҳо ё дар хонаи маҳаллиён.

Рӯзи 4. Сафар бо автомашина тариқи хатсайри ноҳияи Қалъаи Хум – шаҳри Хоруғ (тақрибан 240 км) шабгузаронӣ дар меҳмонхона ё хонаи маҳаллиён

Рӯзи 5. Сафар бо автомашина тариқи хатсайри Хоруғ (воқеъ дар 2 000 м баланд аз сатҳи баҳр, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон) – деҳаи Бачор (ҷои оғози трекинг), шабгузаронӣ дар хаймаҳо. 

Рӯзи 6-15. ТРЕКИНГ: сафар ҳамроҳи чорпоёни саворӣ тариқи хатсайри деҳаи Бачор – аѓбаи Лангар (4 900м) – ҳавзи Учкӯл – кӯли Сарез – кӯли Яшилкӯл – кӯли Вихинч – деҳаи Бачор. Ҳамаи рӯзҳои трекинг шабгузаронӣ дар хайма.

Рӯзи 16. Сафар бо автомашина тариқи хатсайри деҳаи Бачор – деҳаи Љеландӣ – аѓбаи Харгӯш – деҳаи Лангар  (воқеъ дар соҳили дарё, дар сарҳали Тоҷикистону Афғонистон, рӯ ба рӯи даромадгоҳи коридори Вахон дар сарҳади Афѓонистон), шабгузаронӣ дар хонаи маҳаллиён.                                         

Рӯзи 17. Сафар бо автомашина тариқи хатсайри деҳаи Лангар – бозмондаҳои кушки Ямчун (дар наздикии кушк гармчашмаҳои оби радон вокеъ мебошанд, ки дар он мумкин аст оббозӣ кунанд) – ноҳияи Ишкошим – Гармчашма – шаҳри Хоруѓ, шабгузаронӣ дар хонаи маҳаллиён. 

Рӯзи 18. Сафар бо автомашина тариқи хатсайри шаҳри Хоруғ – ноҳияи Қалъаи Хум, шабгузаронӣ дар меҳмонхона. 

Рӯзи 19. Сафар бо автомашина тариқи хатсайри ноҳияи Қалхъаи Хум – шаҳри Кулоб – шаҳри Душанбе, шабгузаронӣ дар  меҳмонхона.

Рӯзи 20. Сайругашт дар шаҳри Душанбе, рӯзи иловагӣ барои ҳолатҳои эҳтиётӣ, шабгузаронӣ дар меҳмонхона.  

Рӯзи 21. Баргаштан аз шаҳри Душанбе.

Ба хизмати бастаи саёйҳӣ ворид мешавад: Автомобил бо ронанда, хӯроки севақтаина, роҳбалад, воридшавии пулакӣ ба иншооти тамошо, шабгузаронӣ дар меҳмонхонаҳои маҳаллӣ ё хонаҳои шаҳрвандони маҳаллӣ аз рӯи барнома

Эзоҳ: Арзиши маблаѓ барои ҳар як гуруҳ инфиродӣ ҳисобида мешавад.

ИСТИРОҲАТИ ФАЪОЛ

Душанбе – Қалъаи Ҳисор – Дараи Варзоб – Душанбе

Рӯзи 1. Сайругашти пиёда дар Душанбе, дидан аз бозор, Осорхонаи миллӣ, толори бадеӣ, мағозаи туҳфаҳо. Хӯроки нисфирӯзӣ ва шом дар тарабхона ё чойхонаи шаҳр.        

Рӯзи 2. Сафар бо автомашина тариқи хатсайри Душанбе – қалъаи Ҳисор (асри XIX, дар 25 км аз тарафи ғарби Душанбе). Пас аз дидан намудан аз қалъа (тақрибан 1,5 соат) дар дараи Варзоб, пасон сайру гашти пиёда дар дараи Оҷук (воқеъ дар 25 км аз Душанбе) аз 1 то 3 соат. Бегоҳ бозгашт бо автомашина ба Душанбе

Вариантҳои эҳтимолии барнома: Сафар бо автомашина (1,5 соат) бо хатсайри Душанбе – дараи Варзоб сайру гашти пиёда (1-6 соат) ба дараи дарёи Сиам (55 км ба ҷониби шимоли Душанбе). Бегоҳ бозгашт ба Душанбе бо автомашина

Вариантҳои эҳтимолии барнома: Сафар бо автомашина  (1,5 соат) бо хатсайри Душанбе – дараи Варзоб, сайру гашти пиёда (1-3 соат) ба дараи Хоҷа Обигарм (50 км ба самти шимол аз Душанбе). Бегоҳӣ бозгашт бо автомашина ба Душанбе

ЭЗОҲ! Бо худ гирифтан тавсия мешавад: борхалта, оби нӯшокӣ, таом, пойафзол барои сайругашт, малҳами зиддиофтобӣ, сарпӯш ё чатр, либоси мутобиқ ба боду ҳаво, камераи сабти сурат ё видео.  

Ба хизматрасонии басти сайёҳӣ ворид мешавад: Автомобил бо ронанда, хӯроки севақтаина, роҳбалад, воридшавии пулакӣ ба иншооти тамошо, шабгузаронӣ дар меҳмонхонаҳои маҳаллӣ ё хонаҳои шаҳрвандони маҳаллӣ аз рӯи барнома.     

ФАРОҒАТИ ФАРҲАНГӢ

Душанбе - Аҷинатепа - Хулбук–Мир Саид Алии Ҳамадонӣ - Норак – Душанбе

Рӯзи 1. Сайругашти пиёда дар Душанбе, дидан аз бозор, Осорхонаи миллӣ, толори бадеӣ, маѓозаи туҳфаҳо. Хӯроки нисфирӯзӣ ва шом дар тарабхона ё чойхонаи шаҳр.        

Рӯзи 2. Сафар бо автомашина тариқи хатсайри Душанбе - Ќурѓонтеппа - Аҷинатепа (112 км дар ҷануби Душанбе, ҷои кофтукобҳои бостоншиносӣ, ки дар он ҷо ҳайкали «Буддо дар Нирвана»), баъдан бо автомашина тариқи кушки Њулбук дар ноҳияи Восеъ, пасон, ба шаҳри Кулоб ба маҷмааи оромгоҳи Мир Саид Алии Њамадонӣ.  Баъдан, бо автомашина, тариқи ноҳияи Данѓара ба шаҳраки Норак, ки дар минтақаи Неругоҳи Обӣ – Барқии Норак, баргашт бо автомашина ба Душанбе.

ЭЗОҲ! Арзиши маблаѓ барои ҳар як гуруҳ инфиродӣ ҳисобида мешавад.  

Душанбе – Қалъаи Ҳисор – Дараи Қаратоқ – Душанбе

Рӯзи 1. Сайругашти пиёда дар Душанбе, дидан аз бозор, Осорхонаи миллӣ, толори бадеӣ, мағозаи туҳфаҳо. Хӯроки нисфирӯзӣ ва шом дар тарабхона ё чойхонаи шаҳр.        

Рӯзи 2. Сафар бо автомашина бо хатсайри Душанбе – Қалъаи Ҳисор (тамошои қалъа) – води Ќаратоѓ (2,5 – 3 соат роҳ ба тарафи ѓарби Душанбе). Баробари омадан сайру гашти пиёда аз деҳаи Ҳакимӣ то кӯли Тему ва бозгашт аз он ҷо. Бегоҳӣ бозгашт ба Душанбе бо автомашина.

ЭЗОҲ: Бо худ гирифтан тавсия мешавад: борхалта, оби нӯшокӣ, таом, пойафзол барои сайругашт, малҳами зиддиофтобӣ, сарпӯш ё чатр, либоси мутобиқ ба боду ҳаво, камераи сабти сурат ё видео. Арзиши маблағ барои ҳар як гуруҳ инфиродӣ ҳисобида мешавад.  

Душанбе – Чилучор Чашма –Хоҷа Машҳад– Душанбе

Рӯзи 1. Сайругашти пиёда дар Душанбе, дидан аз бозор, Осорхонаи миллӣ, толори бадеӣ, мағозаи туҳфаҳо. Хӯроки нисфирӯзӣ ва шом дар тарабхона ё чойхонаи шаҳр.        

Рӯзи 2. Сафар бо автомашина бо хатсайри Душанбе - Колхозобод - Шаҳртуз - Чилучор чашма (ҷои зиёрат, воқеъ дар 200 км дар ҷануби Душанбе). Баъдан бо автомашина (7-10 км аз ноҳияи Шаҳртус) ба самти мақбараи /мадрасаи Хоҷа Машҳад, ёдгории меъмории асрҳои IX-XII. Бегоҳӣ бозгашт ба Душанбе бо автомашина.

ЭЗОҲ: Арзиши маблағ барои ҳар як гуруҳ инфиродӣ ҳисобида мешавад.  

САЙР БО ҶИП

Помир Роҳи Абрешим

Рӯзи 1. Омадан ба шаҳри Хуҷанд (дуюмин шаҳри калонтарин дар Тоҷикистон, воқеъ дар шимоли кишвар), сайру гашт дар шаҳр, шабгузаронӣ дар меҳмонхона

Рӯзи 2. Сафар бо автомобил бо хатсайри шаҳри Хуҷанд – нақби Шаҳристон – шаҳри Истаравшан – Искандаркӯл -  - нақби Истиқлол (ҳангоми баста будани нақб, тариқи аѓбаи Анзоб 3 372 м баланд аз сатҳи баҳр) – шаҳри Душанбе, шабгузаронӣ дар меҳмонхона

Рӯзи 3. Дидан намудан аз ҷойҳои фарҳангии Душанбе (шаҳр аз сатҳи баҳр дар баландии 900, дар иҳоати куҳсор). Дар назар аст дидан намудан дар Осорхонаи миллӣ аз бозёфтҳои нодири бостоншиносии аз минтақаҳои Тоҷикистон, ҳайкали Баддои гилин дар нирвана, ки дар Осиёи Миёна аз ҳама калонтарин ба шумор меравад, толори бадеӣ, маѓозаи туҳфаҳо аз сангҳои ороишӣ, бозори шарқӣ, шабгузаронӣ дар меҳмонхона

Рӯзи 4. Сафар бо автомобил бо хатсайри шаҳри Душанбе – ноҳияи Файзобод – ноҳияи Дарбанд – ноҳияи Тавилдара – аѓбаи Хобуробод (3 300 м) – Ќалъаи Хум (ҳамагӣ тақрибан 300 км, вақти сафар 10-12 соат), ё, ҳангоми баста будани аѓбаи Хобуробод, сафар тариқи хатсайри Душанбе – Кулоб – Шуробод – Ќалъаи Хум (тақрибан 400 км), шабгузаронӣ дар хаймаҳо ё дар хонаи аҳолии маҳаллӣ

Рӯзи 5. Сафар бо автомобил бо хатсайри Қалъаи Хум – Хоруғ (тақрибан 240 км), шабгузаронӣ дар меҳмонхона ё хонаҳои аҳолии маҳаллӣ.

Рӯзи 6. Сайругашт дар шаҳри Хоруғ (воқеъ дар баландии тақрибан 2 000 м, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мебошад). Дидан намудан аз осорхонаи маҳаллӣ ва яке аз боғҳои ботаники баландкӯҳ дар ҷаҳон – Боғи ботаникии Помир. Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ, сафар бо автомашина ба Гармчашма, ки манбаъҳои оби гарм мебошад. Пасон, сафар ба ноҳияи Ишкошим, шабгузаронӣ дар хонаи аҳолии маҳаллӣ.

Рӯзи 7. Сафар бо автомашина бо хатсайри Ишкошим – ноҳия дар ҳудуди боқимондаи қалъаи кадимаи Ямчун воқеъ аст, (дар ноҳия манбаъҳои оби гарм мавҷуд аст, ки дар он оббозӣ кардан мумкин аст) – деҳаи Лангар (дар води дарёи назди сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, рӯ ба рӯи дарвозаи сарҳади Афғонистон – коридори машҳури Вахон воқеъ аст), шабгузаронӣ дар хонаи аҳолии маҳаллӣ

Рӯзи 8. Сафар бо автомашина бо хатсайри деҳаи Лангар – ағбаи Харгуш – води Алиҷур – Мурғоб, шабгузаронӣ дар хонаи аҳолии маҳаллӣ.

Рӯзи 9. Сафар бо автомашина бо хатсайри Мурғоб – кӯли Қарокӯл – ағбаи ҚизилАрт (сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон) – Саритош (ҳудуди Қирғизистон), шабгузаронӣ дар хонаи аҳолии маҳаллӣ. 

Рӯзи 10. Рӯзи иловагӣ барои ҳолатҳои ғайричашмдошт ва эҳтиётӣ.

ЭЗОҲ: Арзиши маблағ барои ҳар як гуруҳ инфиродӣ ҳисобида мешавад.  

Сайр бо ҷип ба Помир

Рӯзи 1. Дидан намудан аз ҷойҳои фарҳангии Душанбе (шаҳр аз сатҳи баҳр дар баландии 900, дар иҳоати куҳсор). Дар назар аст дидан намудан дар Осорхонаи миллӣ аз бозёфтҳои нодири бостоншиносии аз минтақаҳои Тоҷикистон, ҳайкали Баддои гилин дар нирвана, ки дар Осиёи Миёна аз ҳама калонтарин ба шумор меравад, толори бадеӣ, маѓозаи туҳфаҳо аз сангҳои ороишӣ, бозори шарқӣ, шабгузаронӣ дар меҳмонхона.   

Рӯзи 2. Сафар бо автомашина бо хатсайри Душанбе – Норак (дидан аз Нерӯгоҳи Обӣ – барқии калонтарин дар ҷаҳон Норак) – Данғара – Восеъ – қалъаи Ҳулбук (асри 12) – Кулоб (зиёрати мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ), шабгузаронӣ дар меҳмонхона.

Рӯзи 3. Сафар бо автомашина бо хатсайри Клоб – Шуробод – Қалъаи Хум, шабгузаронӣ дар хонаи аҳолии маҳаллӣ

Рӯзи 4. Сафар бо автомашина бо хатсайри Ќалъаи Хум – Хоруѓ, воқеъ дар баландии 2 000 м аз сатҳи баҳр, маркази маъмурии ВМКБ, шабгузаронӣ дар хонаи аҳолии маҳаллӣ ё меҳмонхона

Рӯзи 5. То хӯроки нисфирӯзӣ сайру гашт дар Хоруғ, дидан аз яке аз боѓҳои ботаникии воқеъ дар баландкӯҳ дар ҷаҳон – Боғи ботаникии Помир, пас аз хӯроки нисфирӯзӣ бо автомашина сафра ба Гармчашма, ки дар он манбаъҳои обҳои гарм мавҷуданд, шабгузаронӣ дар хонаи аҳолии маҳаллӣ ё меҳмонхона

Рӯзӣ 6. Сафар бо автомашина тариқи хатсайри Гармчашма – Ишкошим - бозмондаҳои кушки Ямчун (дар наздикии кушк гармчашмаҳои оби радон вокеъ мебошанд, ки дар он мумкин аст оббозӣ кунанд) – деҳаи Лангар – воқеъ дар соҳили дарёи сарҳади Тоҷикистону Афѓонистон, (рӯ ба рӯи дарвозаи машҳури ҷониби Афѓонистон – коридори Ваххон), шабгузаронӣ дар хонаи маҳаллиён. 

Рӯзи 7. Сайру гашти пиёда аз деҳаи Лангар, ба дар мавзеи зебоманзари расмҳои қадимаи рӯидеворӣ. Баъди хӯроки нисфирӯзӣ, бо автомашина ба деҳаи Лангар – аѓбаи Харгӯш – кӯли Булункӯл, шабгузаронӣ дар хонаи аҳолии маҳаллӣ

Рӯзи 8. Сафар бо автомашина аз кӯли Булункӯл ба кӯли Яшилкӯл, сайру гашти пиёда дар мавзеи Яшкӯл, шомгоҳон бозгашт барои шабгузаронӣ ба маҳаллаи Булункӯл, шабгузаронӣ дар хонаи аҳолии маҳаллӣ 

Рӯзи 9. Сафар бо автомашина бо хатсайри маҳаллаи Булункӯл – води Аличур – Мурѓоб, шабгузаронӣ дар хонаи аҳолии маҳаллӣ  

Рӯзи 10. Сафар бо автомашина аз Мурғоб – кӯли Қарокӯл – ағбали ҚизилАрт (сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон) – Сари Тош (худуди Қирғизистон), шабгузаронӣ дар хонаи аҳолии маҳаллӣ

Рӯзи 11. Рӯзи иловагӣ барои ҳолатҳои эҳтимолӣ ва ғайричашмдошт.

Ба хизматрасонии басти сайёҳӣ ворид мешавад: Автомобил бо ронанда, хӯроки севақтаина, роҳбалад, воридшавии пулакӣ ба иншооти тамошо, шабгузаронӣ дар меҳмонхонаҳои маҳаллӣ ё хонаҳои шаҳрвандони маҳаллӣ аз рӯи барнома. 

ЭЗОҲ: Арзиши маблағ барои ҳар як гуруҳ инфиродӣ ҳисобида мешавад.

Сайр бо ҷип ба куҳҳои Фон

Рӯзи 1. Омадан ба Душанбе. Дидан намудан аз ҷойҳои фарҳангии Душанбе (шаҳр аз сатҳи баҳр дар баландии 900, дар иҳоати куҳсор). Дар назар аст дидан намудан дар Осорхонаи миллӣ аз бозёфтҳои нодири бостоншиносии аз минтақаҳои Тоҷикистон, ҳайкали Баддои гилин дар нирвана, ки дар Осиёи Миёна аз ҳама калонтарин ба шумор меравад, толори бадеӣ, маѓозаи туҳфаҳо аз сангҳои ороишӣ, бозори шарқӣ, шабгузаронӣ дар меҳмонхона.   

Рӯзи 2. Сафар бо автомашина тариқи хатсайри Душанбе – дараи Варзоб ба нақби «Истиқлол» (ҳангоми махкам будани он, тариқи аѓбаи Анзоб, 3 372м) – Искандаркӯл, сайру гашти пиёда ба самти шаршараи зебо дар наздикиҳои кӯл. Шабгузаронӣ дар лагери сайёҳӣ дар соҳили кӯл.

Рӯзи 3. Сафар бо автомашина бо хатсайри Искандаркӯл – Айнӣ – шаҳри Панҷакент, дидан аз осорхонаи А. Рӯдакӣ ва кофтукобҳои бостоншиносии “Саразм”, шабгузаронӣ дар меҳмонхона. 

Рӯзи 4. Сафар бо автомашина бо хатсайри Панҷакент – кӯли Моргузар, сайру гашти пиёда дар соҳили кӯлҳо, наздикии шом сафар бо автомашина ба мавзеи лагери сайёҳии “Артуч”, шабгузаронӣ дар лагери сайёҳӣ. 

Рӯзи 5. Сайругашти пиёда аз лагери «Артуч» ба кӯлҳои Куликалон ва бозгашт аз онҷо, шабгузаронӣ дар лагери сайёҳӣ.  

Рӯзи 6. Сафар бо автомашина бо хатсайри лагери «Артуч» - Айнӣ – нақби Шаҳристон – Истаравшан, дидан аз ҷойҳои фарҳангии Истаравшан, дидан аз бозори маҳаллӣ ва наздикии шом сафар бо автомашина ба Хуҷанд, шабгузаронӣ дар меҳмонхона. 

Рӯзи 7. Экскурсия ба Хуҷанд, зиёрати маҷмааи шайх Муслиҳиддин, осорхонаи «Фортификатсия», бозори Панҷшанбе, наздикии шом сафар аз Хуҷанд ба сарҳади Тоҷикистону Узбекистон, пасон сафар ба Тошканд (Узбекистон). 

Рӯзи 8. Рӯзи иловагӣ барои ҳолатҳои эҳтимолӣ ва ғайричашмдошт. 

Ба хизматрасонии басти сайёҳӣ ворид мешавад: Автомобил бо ронанда, хӯроки севақтаина, роҳбалад, воридшавии пулакӣ ба иншооти тамошо, шабгузаронӣ дар меҳмонхонаҳои маҳаллӣ ё хонаҳои шаҳрвандони маҳаллӣ аз рӯи барнома.

ЭЗОҲ: Арзиши маблағ барои ҳар як гуруҳ инфиродӣ ҳисобида мешавад.

   

Мо интихоби шуморо баланд арзёбӣ намуда, изҳори миннатдорӣ аз он мекунем, ки Шумо сафари худро ба мо бовар намудед! Шод аз онем, ки Шуморо дар доираи мизоҷони худ мебинем! Барои мо вақти Шумо арзиши бузург дорад!

Итминон дорем, ки ҳамкориамон мутақобилан судманд хоҳад буд!


Барои маълумоти бештар:Похожее изображение

Тураев Фатҳиддин
+992 90 799 11 11
+992 93 488 5519   
E-mail: tourism@tds.tj



Back to the list