Хизматрасониҳои мо

Бақайдгирии амволи ғайриманқул

Мутобиқи Фармони Президенти ҶТ №539 аз 15.09.2008 ва Қарори Ҳукумати ҶТ №121 аз 27.02.2009


ВКХ ҶТ дар асоси муроҷиати намояндагиҳо эҳтиёҷоти онҳоро ба амволи ғайриманқул ба ҳисоб мегирад ва КВД “Тоҷикдипсервис”-ро ӯҳдадор мекунад, ки аз ном ва бо супориши ВКХ ҶТ муроҷиати мазкурро баррасӣ намояд.

Шартномаҳои вобаста ба амволи ғайриманқул оид ба ҷойгиркунии намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои консулӣ, таълимӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар ҶТ, инчунин таъмини кормандони онҳо бо манзили истиқоматӣ дар КВД “Тоҷикдипсервис” ба қайд гирифта мешавад. 

Шуъба хизматрасониҳои зеринро пешниҳод менамояд:

  • Хизматрасониҳои машваратӣ дар соҳаи амволи ғайриманқул;
  • Интихоби бино барои намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда;
  • Интихоб намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар ТҶ;
  • Ҳамоҳангсозии масъалаҳои ҷойгиркунии сафоратхонаҳо ва манзилҳои роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон;
  • Ба даст овардани амволи ғайриманқул (бино ва иншоот) барои намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ;
  • Омода намудан ва бақайдгирии шартномаҳои хариду фурӯш, иҷораи ҳамаи намуди амволи ғайриманқул;
  • Бақайдгирии давлатии биноҳо дар муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Иҷораи хонаҳо ва иншоот барои ширкатҳо;
  • Таъмини ташхиси ҳуқуқӣ барои муомилоти вобаста ба амволи ғайриманқул;
  • Интихоби биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ барои иҷора;
  • Гузаронидани хонаҳо ва ҳуҷраҳо аз фонди биноҳои истиқоматӣ ба фонди ғайристиқоматӣ;
  • Гирифтани иҷозат барои сохтмон ва корҳои сохтмониву таъмирӣ;
  • Бақайдгирии шартнома дар бораи иҷораи амволи ғайриманқул;
  • Мусоидат ба шаҳрвандони ҶТ барои гирифтани розигии Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба пешниҳоди амволи ғайриманқул ба намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ.

Номгуйи ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул:

  1. Ариза (ба унвони Директори генералӣ КВД "Тоҷикдипсервис")
  2. Нусхаи шиноснома
  3. Нусхаи шартномаи иҷора
  4. Нусхаи шиносномаи техникӣ

Телефон барои тамос: 
+992 (37) 227 23 41
E-mail: utilities@tds.tj 

Back to the list